Участник:Tohirjoni s

Материал из Википедии — свободной энциклопедии
Перейти к навигации Перейти к поиску
          Даосизм

Файласуфи Чинӣ асосгузори досизм, - Лао-Сзи тақрибан дар асрҳои VI — V то мелод зиндагӣ кардааст. Солҳои аниқи таваллуд ва марги ў маълум нест, мувофиқи ривоят модараш ўро солҳои тўлонӣ дар батни худ гирифта гашта, пир таваллуд кардааст, иероглифи Лао-Сзи ҳам чун «кўдаки пир», ва ҳам чун «файласуфи пир» хонда мешавад. Мувофиқи ҳамин ривоят Лао-Сзи дар аввал ба сифати амалдор ба давлат хизмат мекард. Дар солҳои ҷангу нооромӣ ў хизмати давлатиро тарк карда, ихтиёри гўшанишинӣ мекунад ва бо ин мақсад ҷои камодам, мавзеи кўҳистони ғарбии Чинро маъвои зист қарор медиҳад. Дар он ҷо ў андешаҳояшро дар рисолае баён менамояд, ки он «Дао Дэ сзин» (Таълимот дар бораи Дао) ном дошт. Дар ин рисола, ки аз 5000 иероглиф (дар ин ҷо калима) иборат буд, ақидаҳои фалсафии ў дар бораи олам, сохтори он ва андешаи ў оиди инсон ва мақсади ҳаёти он баён шудааст. Мувофиқи таълимоти Лао-Сзи — Дао қонуни ломакон (ҳар ҷо ҳозир, ҳамаро фарогиранда) мебошад, ки табиат, ҷомеа ва ҳаёти одамонро идора мекунад. Дао ибтидои замину осмон буда, асоси ҳамаи ашёҳо мебошад. Дао қонуни махфии олам аст, он беҳудуд, бешакл ва беном мебошад. Дао дар олам чун мутаносибияти «Ин» ва «Ян» ва низоми 5-унсур (хок, ҳаво, об, оташ, фулузот), ошкор мегардад. Дар рафтори инсон Дао бо воситаи Дэ, яъне накўкорӣ арзи вуҷуд мекунад. Мувофиқи таълимоти доасизм агар Дао ҳамаро офарад, пас Дэ ҳамаро парвариш мекунад (мехўронад). Лао-Сзи бар зидди пуршўру шарӣ, пурҷўшу хурўшӣ мубориза бурда, оромию осоиштагӣ, хотирҷамиро ҳолати беҳтарини инсон медонад. Накўкор ором ва осуда аст, мегўяд ў. Вале осудагии Лао-Сзи ин дунёбезорӣ, гўшанишинӣ нест, ў ҳаёт ва лаззатҳои онро дўст медорад, зиндагиро ганҷи бебаҳо меҳисобад ва инсонро даъват менамояд, ки барои хуштар ва беҳтар гузаронидани умр кўшиш намояд. Ҷўшу хурўш бесару сомониро, оромию осудагӣ бошад, тартибу низомро дар олам меофарад. Ҳангоми осудагӣ мо ба ҳаракату гардиши табиии ашёҳо ҳамовоз мешавем, яъне ба сўи Дао бармегардем, мегўяд ў. Даосҳо - пайравони Лао-сзи таълим медиҳанд, ки одамон бояд барои дарозумр, хушбахт шудан кўшиш намоянд, накўкорӣ, дарозумрӣ ва хушбахтиро меорад, мегўянд онҳо. Ба ақидаи Даосҳо инсон намемирад, балки ҳангоми марг бо Дао меомезад, яъне ба ҳолати табииаш бармегардад. Даосҳо зиндагиро неъмати бебаҳо ҳисобида дарозумрӣ ва ҳаёти абадиро ба даст оварданӣ мешуданд. Дар асотири даосҳо чунин ривояте ҳаст, ки гўё дар боғи олиҳа Сиванму дарахти шафтолуе ҳаст, ки дар ҳар се ҳазор сол гул мекунад ва мева меоварад, шахсе, ки аз ин мева чашад ҳаёти абадиро ба даст меорад. Даосҳо барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ ба кимиё машғул шуда, таҷрибаҳои зиёдӣ кимиёвӣ мегузаронанд, доруҳои гуногуну растаниҳои шифобахшро кашф мекарданд, - чой, женшен (одамгиёҳ), борут, муолиҷа бо сўзан аз ихтирооти даосҳо мебошад. Дар таълимоти даосҳо илм мақоми махсусро ишғол мекунад. Воситаи асосии ба даст овардани абадият, мувофиқи таълимоти даосҳо, корҳои нек мебошад, барои бо ин восита ба даст овардани абадият одам бояд зиёда аз ҳазор амалҳои некро содир намояд. Муносибати даосҳо бо марг аҷиб мебошад, онҳо мегўянд, ки марг вуҷуд надорад баъд аз вафот одам нест намешавад, балки ба ҳолати пештарааш бармегардад, яъне бо Дао меомезад, дар айни замон онҳо роҳҳои гурехтан аз маргро меҷўянд. Таълимоти даосҳо, ки одамони зиёдеро ба худ ҷалб менамуд, бисёр вақт даосҳо якҷоя бо оммаҳои халқ барои ҳаёти беҳтар мубориза мебурданд. Ҷаҳонбинии даосҳо аксаран идеологияи халқи адолатҷў буд, ҷамъиятҳои махфии «Роҳи баробарии бузург», «Таълимоти нилуфари сафед» аз тарафи даосҳо ташкил карда шуданд. Шўриши деҳқонони Чин, ки бо номи «сарбандҳои зард» машҳур буд, дар зери роҳбарии даосҳо гузаштааст. Даосҳо ғояҳои баробарии умум ва адолати иҷтимоиро талқин намуда, пешсафи муборизаи оммаҳои халқ буданд. Даосҳо дайр (монастир) – ҳои худро дар саросари Чин доштанд, дар ин дайрҳо на танҳо ба таълимоти рўҳӣ инчунин ба машқҳои ҷисмонию ҳарбӣ диққати калон медоданд. Онҳо ба одамон ҳамчун табиб, дорусоз, фолбин хизмат менамуданд ва дар байни меҳнаткашон тарафдорони зиёде доштанд Лао Сзи ҳаргиз таълимоти худро дин наҳисобидааст. Вале чиниён ҳам фалсафаи ў ва ҳам шахсияти ўро муқаддас эълон карда парастиш менамоянд. Дини даосҳо аз қаъри ҷаҳонбинии халқи оддӣ баромада, ақидаҳои анимистиро ифода менамуданд. Парастиши осмон, парастиши ҳакимони бузург, парастиши ниёгон, ҷузҳои эътиқоди динии даосҳо буданд. Даосҳо ба ҷазою сазо дар охират боварӣ доштанд рўҳи одамони гунаҳкор ба ақидаи онҳо ба олами рўҳҳои бад мераваду рўҳи одамони накўкор ба осмон. Дар асри II мелодӣ ҷараёни даосии «Роҳи устодони осмонӣ» ба вуҷуд меояд, ки асосгузори он - Чжан Даолин буд. Ў худро давомдиҳандаи роҳи Лао Сзи ҳисобида унвони «муаллими осмони» - ро дошт, ки он меросӣ буда то ҳоло ба авлодони Чжан дода мешавад. Солҳои 50-уми асри ХХ даосҳо ба таъқиби давлати Чин гирифтор шуданд ва аксар ба ҷазираи Тайван, ки берун аз қаламрави Чин буд, кўчиданд. Соҳои 80 бошад даосизм аз нав ривоҷ ёфт. Даосҳо – пайравони Лао Сзи то ҳол вуҷуд доранд онҳо ба 24-ҷамоат муттаҳид мебошанд, ки ба онҳо усқуфҳо роҳбарӣ менамоянд, сардори ҳамаи онҳо папаи даосҳо мебошад, ки дар Тайван зиндагӣ менамояд.

Библиография по ранней истории даосской религии. Составитель С. В. Филонов // Кафедра китаеведения Амурского государственного университетаАвторский сайт о Даосизме (Yu Kan)Даосизм (SEP)Taoist TextsФилософия и религии в КитаеДаосские тексты(на русском и китайском)